Ронанда (6 нафар) бо нақлиёти сабукрави шахсӣ (муваққатӣ)

Аз тарафи Филиали ташкилоти “Save the Children International” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои лоиҳаи “Саломатии модар ва кӯдак” дар ш. Душанбе кормандон (муваққатӣ) ба кор даъват мешаванд.

Ронанда бо нақлиёти сабукрави шахсӣ (муваққатӣ)

Санаи охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: 07 декабри соли 2018, соати 17:00

Минтақаҳои ҳадафӣ: ш. Душанбе (Варзоб, Ваҳдат)

Мӯҳлати давомнокии ҳамкорӣ: аз 1 январи соли 2019 то 30 июни соли 2019

Шумораи кормандон: 6 нафар

Вазифаи асосии ронандагон таъмин намудани мусофирбарӣ, бо риояи ҳамаи қоидаҳои бехатарӣ ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани воситаи нақлиёт мебошад.

Ӯҳдадориҳои асосӣ ва вазифаҳо

  • Таъмини мусофирбарӣ ва боркашонӣ
  • Сари вақт ва дуруст пур кардани дафтари қайдҳои ронанда
  • Сари вақт гирифтани имзои мусофирон ҳангоми баргаштан аз сафари корӣ, ва бо дар назардошти нишондоҳои масофасанҷ
  • Дар ҳолати омодагӣ ва покиза нигоҳ доштани автомашина
  • Ҳангоми таъмирталаб шудани автомашинаи таъиншуда, ба маъмурият хабар расонидан ва аз болои корҳои таъмирии автомобил назорат бурдан
  • Назорати ҳаррӯза аз болои ҳолати техникии қисмҳои зерини автомашина: сатҳи равғани муҳаррик, ҳолати қуввадиҳандаи мошин (аккумулятор), ҳолати техникии чархҳо.
  • Ҳафтае як маротиба ҳама қисмҳои эҳтиетии автомобилро  санҷида баромадан ва дар  хуҷҷате, ки аз  тарафи  маъмурият  пешкаш мешавад, коршоямии онҳоро бо имзои худ  тасдиқ кардан
  • Риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ва бехатарӣ. Ба назар гирифтани тавсияҳои кормандони лоиҳа ва маъмурият оид ба бехатарӣ.
  • Боварӣ доштан, ки сафари корӣ аз рӯи нақшаи кории аз тарафи роҳбарияти лоиҳа тасдиқ шуда, рафта истодааст.
  • Ҳама ҳуҷҷатҳои ронандагиро ҳамеша бо худ доштан.
  • Пеш аз сафари тулонӣ, доир ба дурустии ҳуҷҷатҳои зарурӣ боварӣ ҳосил намудан.
  • Омода намудани ҳисоботи ҳармоҳа оид ба хароҷоти сӯзишворӣ ва сари вақт пешкаш намудани он ба ёвари шуъбаи маъмурӣ ва кадрҳои ташкилот.
  • Ҳамеша дар автомашина доштани қуттии ёрии аввалини тиббӣ, сӯхторхомӯшкунак, лавозимоти зарурӣ барои таъмири мошин, болопӯш ва миқдори зарурии оби нӯшокӣ.
  • Назораткунӣ аз болои истифодаи доимии тасмаҳои бехатарӣ аз тарафи мусофирон ва худи ронанда.
  • Тоза нигоҳ доштани дарун ва беруни автомашина.

Талаботи дигар:

  • Доштани маълумоти миёнаи умумӣ
  • Доштани ҳуҷҷати ронандагӣ
  • Доштани таҷрибаи на кам аз 5 соли ронандагӣ
  • Донистани қоидаҳои бехатарии роҳ ва қонунҳои вобаста
  • Фаҳмиши хуби кори автомашина ва қобилияти бартараф намудани носозиҳои хурди мошин
  • Донистани роҳҳо ва самтҳо дар ш. Душанбе (Варзоб, Ваҳдат)
  • Маданияти хуби муошират

Сиёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак

Аризадиҳанда бояд сиёсати ҳифзи хуқуқи кӯдакро баррасӣ намуда, дар сурати ба кор қабул шудан, ҳангоми мушоҳидаи вайроншавии ин сиёсат аз тарафи кормандон ва ё шарикони лоиҳа, ба роҳбарияти ташкилоти “Начоти Кӯдакон” доир ба ин маълумот расонад.

Яке аз талаботи асосии лоиҳа:

  • Воситаи наклиет бояд сабукрав (седан) бошад ва истифодабарии сузишвории он на зиед аз 10 -11 литрро барои 100 км ташкил диҳад.

Пешниҳоди дархост:

Довталабон метавонанд CV-и (маълумоти мухтасари таҷрибаи корӣ)  худро ба воситаи почтаи электронӣ ба суроғаи hrtajikistan@savethechildren.org  то 7-уми декабри соли 2018, соати 17:00 равон кунанд.

Location: Dushanbe, Tajikistan

Contract - Part-Time

Closing date: Friday 7 December 2018

All jobs close at midnight UK time on the date specified

Know anyone else who might be interested in this job?
Why not share it with them?